Сабур Бахтиҷамолович Мулимов дар таърихи 7 ноябри 1990 дар деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. То синфи сеюм дар мактаби №14 таҳсил карда, баъдан, дар соли 1999 бо аҳли хонавода ба шаҳри Душанбе кӯчида, таҳсилро дар мактаби №38 ноҳияи Сино идома додааст.
Аз хурдӣ шавқ ва маҳорати футболбозӣ дошта, баъди муқими пойтахт шудан ба тамрин машғул шудааст. Ба сабаби намоиши ҳунари воло дар ин ришта ба ҳайати дастаи маъруфи ЦСКА пазируфта шуда, фаъолияти касбиро бо он оғоз кардааст. Дар ҳайати ин даста ба гирифтани ҷои сеюм дар Лигаи олии футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон комёб гардида, ба давраи ниҳоии (финали) Ҷоми Тоҷикистон баромадааст.
Сабур Мулимов, баъдан, фаъолияти футболбозии касбиро дар дастаҳои Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ дар ҳайати дастаҳои “ЦСКА-Помир”, “Зарафшон”, “Панҷакент”, “Гвардия миллӣ” ва “Динамои ВКД” идома додааст. Дар ҳайати ин дастаҳо чандин ҷоизаҳоро ба даст овардааст.
Соли 2015 дар ҳайати дастаи “Удоб” дар Ҷоми футболи Ванҷ ба гирифтани ҷои аввал сазовор гашта, бо задани 20 гол унвони “Беҳтарин нишонзани мусобиқа”-ро гирифтааст.
Сабур Мулимов дар тӯли фаъолияти варзишӣ дар мусобиқоти шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, дастовардҳои шоистаи таҳсин касб кардааст. Ӯ се маротиба барандаи Медиалигаи Тоҷикистон, панҷ маротиба барандаи Ҷоми раиси шаҳри Душанбе, шаш маротиба барандаи Ҷоми вазири Корҳои Дохила, ду маротиба барандаи Ҷоми вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як маротиба барандаи Ҷоми Лев Яшин дар шаҳри Қазони Русия гардидааст.
Сабур Мулимов дар ҳоли ҳозир ба ҳайси комиссари бозиҳо дар Федератсия футболи Тоҷикистон фаъолияти корӣ дорад ва тибқи ин вазифа, ки мақоми роҳбарикунандаи варзишӣ маҳсуб мешавад, масъули ташкил, назорати бозиҳои футбол мебошад ва аввалин комисар аз диёр дар бозиҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якуми футболи Тоҷикистон мебошад.



Назари хешро иброз кунед