Рекордгузории нави Сарашо Қувватов

Ё варзишкоре, ки сарфи назар аз синну сол таърихсозӣ мекунад.
  Сарашо Қувватов, варзишкори 64-солаи тоҷик, зодаи деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ дар тарихи 20 октябри соли 2025 бори дигар дар навъи “болофишорӣ бо пой” рекорди худро такрор карда, соҳиби Гувоҳинома ё Сертификати ҷаҳонӣ шуд.
  Сарашо чанд сол пеш низ дар зарфи 1 соату 40 дақиқа рекорди нав гузошт, беш аз 2100 бор бо пой ҳаракатҳои болофишорӣ иҷро кард, ки ҳеч нафаре дар ин синну сол дар дунё ба он муваффақ нашуда буд. Рекордгузории ӯро клуби байналмилалии рекордгузориҳои ҷаҳонии “Интерстронг”-и Русия ба қайд гирифта, бо диплом қадрдонӣ кард.
  Намояндаи ин бошгоҳ мегӯяд, ки Сарашо Қувватов меъёри лозим барои шомил шудан ба китоби Рекордҳои Гинесро иҷро кардааст ва зимни тақдими гувоҳинома суруди миллии Тоҷикистон бо мавҷзании парчами Тоҷикистон садо медиҳад.
  Қувватов Сарашо Муъминович яке аз варзишгарони маъруфи тоҷик, шахси мардумдор ва хушсуҳбат мебошад. Дар ҷавонӣ дар майдонҳои куштӣ ҳам хуб майдондорӣ мекард, вале ба сабаби бемории сутунмуҳра аз куштигирӣ даст кашид. Вале ба навъи варзишии болоишорӣ бо пой сару кор гирифт ва тавонист аз тариқи ин навъи варзиш бар бемории сутунмуҳра пирӯз шавад.
  Ҳавсала, шӯру шавқ ва ангезаи ин варзишкори солманд намунаи ибрат ва роҳи пурифтихоре барои насли ҷавон, хусусан насли нави варзишкорони мост!. Аъзамшоҳи Ширговадӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.