Пирӯзии паҳлавонони диёр дар Қаҳрамонии ҷудои кишвар

  Дар таърихи аз 25 то 26 октябри соли 2025 мусобиқаи Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон миёни ҷавонони то 23 баргузор шуд, ки фарзандони диёри Ванҷ соҳиби се медал: ду нуқра ва як биринҷӣ шуданд. Пирӯзии сарбаландонаи паҳлавонони хушноми диёрро дар Қаҳрамонии ҷудои кишвар миёни ҷавонон дар соли 2025 табрик мегӯем!.
  Абдуллоҳ Қӯқаншоев дар рӯи аввали мусобиқа дар вазни -60 кг бо як ҳунару маҳорати олӣ ба финал расид. Дар финал дар як рақобати сахту сангин, ки ба даври имтиёзи тиллоӣ ё «голден скор» кашид, соҳиби медали нуқраи Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон дар соли 2025 миёни ҷавонон шуд.
  Ин пирӯзиро ба худи паҳлавон ва ҳаводоронаш, аз ҷумла падари бузургвораш Аъзамшоҳи Шрговадӣ табрик мегӯем ва барои паҳлавони хушноми диёр орзуи мувафаққиятҳои бештар мекунем. Абдуллоҳпаҳлавон дар бошгоҳи «Ҳоҷӣ Шариф» таҳти тарбияи бародарон — Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо ва мураббии ин бошгоҳ — Темур Бачгонов ба тамрин машғул аст. Абдуллоҳпаҳлавон чанде пештар дар Чин медали бронзи Ҷоми ҷудои Осиёро ба даст оварда буд.
  Ҳамчунин, Самир Муҳаббатов паҳлавони дигари диёр дар вазни -73 кг бо шикаст додани ҳарифони сарсахт медали биринҷиро ба гардан овехт. Барои Самиршоҳ ва падараш — акаи Насиб Муҳаббатов низ, ин пирӯзиро табрик мегӯем ва орзумандем, ки пирӯзияҳош бештару бештар шаванд ва мояи сарбаландияш бошанд. Самиршоҳ дастпарвари бошгоҳи «Вастан» мебошад.
  Дар рӯзи дуввуми ин мусобиқа боз як паҳлавони хушноми диёр Раҳматуллоев Мустафо писари паҳлавони номдори Тоҷикистон — Фарҳод Раҳматуллоев дар вазни то 81 кг мақоми дувумро соҳиб шуд. Мустафо чанд соли охир дар назди ҷаҳонпаҳлавон Хушкадам Хусравов ба тамрин машғул мебошад ва дар ин пирузӣ бешак саҳми назаррас дорад.
  Ин пирузиро ба худи паҳлавон, падари бузургвораш бародармон  — Фарҳод Раҳматуллоев, мураббии пурталоши вай — Хушқадам Хусравов ва ҳама дӯстдорони куштии ҷудо табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорем  ки бузургтарин қуллаҳои ин соҳаи варзишро фатҳ кунад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.