Муҳаммади Дороб

  Муҳаммади Дороб соли 1950 дар деҳаи Вравзи ноҳияи Ванҷ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти асосӣ соли 1964 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) дохил шуда, онро 1968 хатм намудааст Хизмати аскариро дар сафи артиши Иттиҳоди Шуравӣ дар Шарқи Дур ба поён расондааст. Пас аз адои хизмат чанде ба сифати муаллим дар деҳа кор кардааст.
  Соли 1973 ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанбе дохил шуда, онро соли 1976 хатм намудааст. Баъд дар мактаби деҳа ба кори омӯзгорӣ пардохт. Соли 2007 ҳамчун хизматчӣ ба хизмати давлатӣ гузашта, то соли 2013 дар ин бахш фаъолият намудааст. Баъдан боз ба пешаи омӯзгорӣ гузашта, ҳамчун муаллими забону адабиёти рус ва забону адабиёти тоҷик фаъолият кардааст. Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти умумии №6. ноҳияи Ванҷ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд.
  Муҳаммади Дороб ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ ба шеъргӯӣ шуғл дошт. Шеърҳояш дар рӯномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ ва вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нашр шудаанд. Муҳаммад кисми зиёди вақташро ба мутолиаи адабиёти адибони гузаштаву имрӯза ва ҷаҳонӣ сарф мемамояд. Ғайр аз ин, чун дигар деҳотиён ба касбу кори деҳқонӣ машгул аст. Қисме аз ашъораш дар китоби «Шоирони Ванҷ» (мураттиб Комил Бекзода), ки соли 2003 нашр ёфтааст, ба табъ расидаанд. «Мавҷхези Ванҷрӯд» маҷмӯаи нахустини ашъори Муҳаммади Дороб буда, шеърҳои дар солҳои гуногун навиштаи ӯро фаро гирифтааст.

Фурӯзонгари шамъи сухан

  Устод Муҳаммадӣ Дороб яке аз он фарзонагонест, ки шамъи сухану шеърро дар деҳи кӯҳистон фурӯзон кардааст. Гузаштагонаш низ мардони суханвар, донишманду фақеҳ будаанд. Номи Мулло Шокир, Мулло Ҷобир, Мулло Шералӣ, Мулло Балаҷон, Мулло Маҳмадирон, муаллим Дороб то имрӯз вирди забони ҳамдиёрон аст. Устод Муҳаммадӣ аз ҳамин дудмон аст.
  Муҳаммадӣ Дороб соли 1950 дар деҳаи Вравзи ноҳияи Ванҷ зода шуда, дар ҳамин ҷо соҳиби маълумоти миёна гашта, баъдан донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм шуда, баъди хатми омӯзишгоҳ хизмати аскарӣ кардааст. Баъдан донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОД ба номи С.Айнӣ), факултаи забону адабёти рус гашта, онро бомуваффақият ба итмом расондааст.
  Баъди хатми донишгоҳ дар мактабҳои деҳоти Язгулом, мактаби №5-и маркази ноҳия, мактаби №6-и зодгоҳ фаолияти омӯзгорӣ кардааст. Чанд соле ба ҳайси хизматчии давлатӣ фаъолиятӣ корӣ дошта, вазифаи котиби ҷамоати деҳоти Водхудро то ба нафақа баромадан иҷро намудааст. Баъдан боз ба фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаби №6 идома дода, то ҳол ҳамчун омӯзгор фаъолият дорад.
  Шеърҳои эҷодкардааш дар китоби «Шоирони Ванҷ»-и Комил Бекзода ва нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи «Мавҷхези Ванҷоб» аз чоп баромадаанд. Аз маҷмӯаи шеърҳояш дарёфтам, ки ба зодгоҳаш Ванҷи пурганҷ муҳаббати хосе дорад. Бо диди шоирона ва меҳри инсонӣ ба Ванҷзамин ихлос дорад. Аз он ифтихормандам, ки аз устод дар мактаб дарс гирифтаам ва ба ӯ эҳтироми хосса дорам. «Қасидаи Ванҷ» намунае аз ашъораш аст, ки муҳаббати устодро ба зодгоҳамон Ванҷи нозанин таҷассум медорад. Давлатмир Давлатов.

Қасидаи Ванҷ

Ванҷи ман дорам ба ту ногуфта роз,
Ҳам ба ту, эй хоки аҷдоди ниёз.
Хомтабъе нестам, ҳар рози хеш,
Мӯ ба мӯ ифшо намоям бе маҷоз.
Зарраам ҳарчанд дар як гӯшаат,
Нестам навмед, дорам бо ту ноз.
Меҳр варзидан чу дастам додааст,
Бо сухан ороямат дар ин баёз.
Лек дар пайгирии тавсиф зи шавқ,
Хома дорад нолаҳои ҷонгудоз.
З-ишқи меҳан ҳаст ин ҷо чун сухан,
Гуфтугӯ аз ифтихор ин ҷост боз.
Чун ба чашми дил ба сӯят бингарам,
Файзи субҳат беш гардад дилнавоз.
Мурғи илҳомам мадон бишкастабол,
Нашмарам баъзан варо камтар зи боз.
Ман чӣ гӯям тарфи ҷӯю гулшанат,
Коми дил, он ҳаст низ ошиқнавоз.
Пурмалоҳат, пурфасоҳат ҷойгоҳ,
Баҳри ман беҳтар ту аз Чину Тироз.
Дардмандонро бувад корам даво,
Кӯҳҳо аз дурру гавҳар бениёз.
Сар ба афлоканд дар домони ту,
Бошукӯҳу бовиқору покбоз.
Родмардонро Ватан инҷо туӣ,
Таърихат ҳарчанд пуршебу фароз.
Олиму фарҳангиёнат бешумор,
Гӯӣ дар ин ҷода дорӣ имтиёз.
Паҳлавононат дар олам сафшикан,
Гашта бо унвони олӣ сарфароз.
Аз ҳунар инҷо агар нозӣ, равост,
Чункӣ бар он ҳар куҷо бошад ниёз.
Такя бар Ҷамшед дорад насли ту,
Бар табори ориёни ростбоз.
Қисмати болотро гӯянд буд,
Коргоҳи олии оҳангудоз.
Қисмати поёниат ҳам низ дошт,
Ҳам чаҳи бофандагию ҳам ҷувоз.
Ифтихор аз мардуми пурнанги туст,
Меҳнати аҳлонагиро сарфароз.
Дар ризои туст, ҳар як кори мо,
Гуфтаам ман борҳо бо сӯзу соз.
Санги ту гул мешавад дар қасрҳо,
Кардаӣ дилҳо мусаххар з-ин лиҳоз.
Рег пурзар, санги хороят чу лаъл,
Ҳам сафеду ҳам сияҳ диданавоз.
Марғзору обшоронат чӣ хуш,
Ин табиат аз чӣ бошад сеҳрсоз.
Мардумат фархундатолеъ бод, боз,
Орӣ аз ҳар гуна буғз, аз ҳирсу оз.
Боз агар пай бурдаӣ нози хаёл,
Дар ҳамин тавсиф наям ман ҳиласоз.
Шӯҳраи бо боғу роғи шаҳдбор,
Эй диёри мардуми меҳмоннавоз.
Чашмасоронат пур аз оби зулол,
Бо ҳама ин дар ҷаҳон аз худ биноз.
Комгору шодмону хуррамӣ,
Ваҳ чӣ хушнудем мо аз Чорасоз.
Дару дарвозаат эй мулки пурганҷ,
Ҳамеша ҳаст бар рӯи ҳама боз.
Даре аз меҳр бикшо дар сифоташ,
Варо чун тифли дар гаҳвора бинвоз.
Зи Истиқлолу Ваҳдат гаштӣ обод,
Ки бошад ин ду маънӣ бо ҳам анбоз.
Якдилӣ, ҳамрайъӣ тавъам ёри ту,
Ин дуо морост дар ҳар як намоз.
Муҳаммад боз беафсуну бесеҳр,
Бубахшид ӯ суханро аз нав эъҷоз.
Раҳовардест ин мадҳ аз дилу ҷон,
Агарчӣ нест ӯ маддоҳи мумтоз.

1 Назар

  1. Ҷавобе ба якчанд ҷавобияе ба шеъри маъмули Ҳофиз:»Агар он турки шерозӣ…»
    Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
    Ба холи ҳиндуяш бахшам сару Дасту тану поро.
    Ҳар окас чиз мебахшад зи моли хеш мебахшад,
    На чун Ҳофиз,ки мебахшад Самарқанду Бухороро.

    (Соиб)
    Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
    Ба холи ҳиндуяш бахшам тамоми рӯҳу аҷзоро.
    Ҳар он кас чиз мебахшад ба сони мард мебахшад,
    На чун Соиб,ки мебахшад сару Дасту тану поро.
    Сару Дасту тану поро ба хоки гӯр мебахшанд,
    На бар он турки шерозӣ,
    ки бурда ҷумла дилҳоро.
    (Шаҳриёр).
    Чанд нафари дигар низ назира навиштаанд. Бандаи камтарин низ табъ озмудам:
    Агар он дилбари тоҷик ба даст орад дили моро,
    Ба он рухсори гулрангаш бубахшам моли дунёро.
    Яке гул бахшаду дигар дилу ҷонаш нисор орад,
    Зи лутфи назм бахшидан хато Дасту сару поро.
    Зи рӯҳ ин ҷо сухан гуфтанд аз бахшиш ба як ҳоле,
    Масеҳо нестӣ охир,маёвар пеш даъворо.
    Аз ин густохиҳои хеш ман з-он узр мехоҳам,
    Замоне чун ба шӯр овардаанд дилҳои шайдоро.
    Ҳар он кас чиз мебахшад таманнояш чӣ созӣ манъ,
    Чӣ дилтангӣ,ки аз Ҳофиз рабоянд ин таманноро.
    Гаҳе расвои ишқу май, гаҳе побанди лутфи Дӯст,
    Зи кӣ ё аз куҷо ҷӯйи ҷавобе ин муамморо.
    Агар»бифрӯхт Одам равзан ризвон ба ду гандум»,
    Ҷавобе арзиш куҷо бошад Самарқанду Бухороро.
    Надорад пеши Инсон арзише мулки ҷаҳон яксар,
    Чаро ин ҷо набахшояд тамоми мулки Дороро
    Маҷозӣ гуфтаи Ҳофиз вале дар асл мебинем,
    Бубахшиданд бар туркон Хуросон мулки зеборо.
    На бар он турк ман бахшам,ки ҷаддаш дур аз фарҳанг,
    Ваҳам зери тасарруф дошт умре дашту саҳроро.
    Зи поёноби паҳнои Сибир то дасти Қипчоқаш,
    На Лайлӣ ёби не Виса,наШирин не Зулайхоро.
    Муҳаммад,баҳри бахшоиш чу туғён кард бахшидаст,
    Ки бурдаш ройгон Маҳмуду товон мениҳед ӯро.

  2. Дар ҳошияи озмуни
    Ҷумҳуриявии»Тоҷикон»-
    оинаи таърихи миллат
    (манзума)

    Касе фарҳанги халқу миллаташ инкор месозад,
    Набошад дур он рӯзе,ки душман ёр месозад.
    Ва ганҷи ҳикмате,к-ӯ дораду нодида мегирад,
    Ба он монад, ки холӣ тӯша
    аз кулвор месозад.
    Намегӯям,ки кайҳо гаштааст манкурту аз ин рӯ,
    Ҳамон бегонаро ёру худиро хор месозад.
    Баҳо афкору омоли дурусту нодурустро,
    Муаррих медиҳад,ҳам кашф ҳар асрор месозад.
    Чаро бо»Тоҷикон»бо»Шоҳнома»
    фахр намоем,
    Ки ин ду аз кӣ баданҳои мо ҳушдор месозад.
    Касе санги маломат дар ҷаҳон бар хеш накардаст,
    Ки ин корест,ҷоно,синаҳо абгор месозад.
    Зи ҳафт водӣ гузашт ин халқу ҳафт хонаш паси сар кард,
    Варо ин хону водиҳо чӣ зинат месозад.
    Гирифтор бало худро чаро ҳар бор гардонем,
    Гулистонро ҳамедонад,ки кай бехор месозад.
    Намесанҷем бе бурҳон,агарчанде ки медонем,
    Ки охир хештанро ӯ накӯрафтор месозад.
    Ба некӣ кай баранд номи касеро к-ӯ қадам каҷ зад.
    Ба бад номаш самар дар раставу бозор месозад.
    Чаро кас теша бар реша ва бар пои худ афканда,
    Фаромӯш бонги Фирдавсӣ ва он ашъор месозад.
    Ба Сино низ дандон карда буданд тез дар вақташ,
    Чи дунё?Носипосонро кӣ?Кай бедор месозад.
    Ҷаҳонро шева каҷбозист,каҷрафториаш з-ин аст,
    Магар моро чу тири хеш каҷрафтор месозад.
    Шунидам,Мавлавиро нуктаҳо гиранд дар ашъор,
    Кӣ?Кай?Ашхосе ғафлат ояндаро бедор месозад.
    Кадомаш маст месозад ҳасаду
    нотавонбинро,
    Назар ҳарчанд кам бар хонаи хамвор месозад.
    Агар аз Ҳофизу Саъдист моро фахр беш аз пеш,
    Ва садҳо дигаре моро чӣ шӯҳратёр месозад.
    Ба Ҳофиз аз паси девор баъзан санг андозанд.
    Ду байташ гарчи ҳар девонаро ҳушёр месозад.
    Пас ғаммозӣ саргардон чи хайле ҳосиду бадгӯ,
    Ки ин моро парешоҳолу ноҳинҷор месозад.
    Чӣ гулро ҳоҷати тавсифи
    рангу бӯю холу хат,
    Ки худро шӯҳра худ дар гунбади даввор месозад.
    Нагардад сард дилро ошён аз тундбоди даҳр,
    Яқин донам,ки онро сард ҳар бор месозад.
    Тамаддунофар аст тоҷик аз ахди қадим то ҳол.
    Миёни ин тамаддунҳо чи худ солор месозад.
    Муаррифгар?Надорад ҳоҷате халқам ба ин аз пеш,
    Ки тилло қимати худ бо ҷило изҳор месозад.
    Чу туғёни ватанхоҳ занад фаввора аз қалбам,
    Ва садҳо чун манеро қалбҳо саршор месозад.
    Ба ҷӯи рафтаи таърих аз нав боз об омад.
    Баҳористони худро ӯ зи нав гузор месозад.
    Сабақ бояд гирифтан аз гузашти рӯзгоронаш.
    Аз ин рӯ «Тоҷикон»-ро гаштаю баргашта ӯ такрор месозад.
    Макон афсонае ин шаҳкитоби миллати моро,
    Ки моро сурхрӯ чун донаҳои нор месозад.
    Таваҷҷӯҳ бештар ҳар дафъа мегардад ба омӯзиш,
    Назаргоҳи худаш ҳатто,ки деҳқон ёр месозад.
    Зиҳӣ!Бар халқи дурандеш мегӯяд ҳама олам,
    Ки Сомонии навро Пешво-Саркор месозад.
    Магар каҷ гуфтаам ин ҷо,Зи ман ту хубтар донӣ,
    Худаш бар давлату миллат басе ғамхор месозад.
    Чу тоҷикро ситоиш кардаам бо он бузургияш.
    Кӣ мегӯяд Муҳаммад бе далел ин кор месозад.
    Агар даврон занад лофе ба дастовардҳои хеш,
    Ҳамон Фирдавсиро берун на аз парвоз месозад.
    Ҷаҳонро Инқилоби маънавӣ бахшид бо осори пурҳикмат,
    Ки халқи номдорашро басе номдор месозад.

  3. Дар шеърҳои Муҳаммади Дороб тараннуми Тоҷикистон,кӯҳу дарё,боғу Бӯстон,марзбонони шодоб бо як рангомезишҳои хос таҷассум ёфтаанд.Ӯба дунё маънавӣ ва ҷаҳони ботинан ҳомзамонон роҳ ҷуста,хулқу атвор,майлу рағбат иҷтимоъии онҳоро ба қалам додааст.Дар ашъори мавсуф донишу хирад, накӯию некманишӣ,ҳиммату ҷавонмардӣ,хисоли неку шоиста инсонӣ, шарму ҳаё, иззату эҳтиром бо як нигориши хоса тараннум шуда,кина,ҳасодат,мардумфиребӣ,надонист гумроҳ мазаммат шудаанд.Аз Худованди мутаол рӯзафзунашонро хосторем!
    ҒАЗАЛ.
    Мо зодаи кӯҳему басе содазамирем,
    Аз содадилӣ нисбати кас хӯрда нагирем.
    Бо хешу ба ҳамсоя ҳама ташнаи дидор,
    Бо дида гадоему ба табъ шоҳу вазире.
    Пурпечутоб чигил бар дари ҳар хона раҳи мост,
    Дар ростӣ,дар доду ситад рост чу тирем.
    Дар синаи мо ҷо ба қудуррат набувад ҳеҷ,
    Дар суру азо ҳамдигарӣ даст бигирем.
    Мо шиква ба ҷоеву ба кас боз надорем,
    Бегона бувад ё ки худи,лутфпазирем.
    Густурда барои ҳамагон хони мурувват,
    Дорем,надорем,нагӯем фақире.
    Бошем ҳама якназару дур зи кина,
    Оина зи як санг,Зи як орд хамирем

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.