Дар диёр марду ҷавонмардоне гузаштанд, ки баъд аз сари хеш дар зеҳни мардум хотираи рӯшан гузоштанд. Паҳлавонӣ аз пеш дар водӣ ҳунари маъруф буд ва паҳлавонмардоне, ки ин ҳунарро бо хулқу одобу амалҳои неки инсониро меоростанд, ба қадру муҳаббати бештари мардум ноил мешуданд.
Яке аз чунин мардон Миҳтоҷ Қандов буданд, ки имрӯзиён аз хисолу одобу ҳанарнамоияш ба некӣ ёд мекунанд. Миҳтоҷ Қандов яке аз беҳтарин паҳлавонони мардумии диёр буд, ки аз соли 1956 то соли 1970 дар майдонҳои куштигирии водӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Шоҳидону мухлисон маҳорати хуби паҳлавонию майдондории ӯро васф мекунанд.
Миҳтоҷ Қандов яке аз беҳтарин шогирдони паҳлавони маъруфи диёр Имматпаҳлавон буд. Ба нақли мардум мисли Имматпаҳлавон дар минтақа дар ин ин ҳунар беҳтар паҳлавон нагузаштааст ва Миҳтоҷпаҳлавон ҳам бо истифода аз усулу маҳоратҳои аз устод гирифта бар ҳаводорон фараҳи тамошо оварда, бо номдортарин куштигирони ноҳияву вилоят қувваозмоӣ карда, дар натиҷа даст боло доштааст. Тавре худ доим ёдоварӣ мекардааст, танҳо мағлубияташро аз Шарифи Хоҷа ба ёд дошта, бохти дигарро дар хотир надоштааст. Бо Шарифпаҳлавон ҳам ҳангоми қувваозмӣ дар боғча пояш дар сабза лағжида, мағлуб гаштааст. Берун аз ноҳияву вилоят дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ҳам ҳунарнамоӣ кардааст.
Миҳтоҷ Қандов корманди Ҷамъияти матлуботи ноҳия ва бар зами паҳлавонӣ бо ҷавонмардиву саховатмандӣ маъруф буд. Дартархони кушода дошта, бо меҳмонавозияш обрӯ касб карда буд. Ба нақли наздикон либосу ашёи нави ба ӯ овардаро ба нодортарон бахшида, худ бо тоқиву либоси кӯҳнаи фарсуда мегаштааст. Рӯзҳои ҷумъа баъди намоз мардуми аз дуру наздик омадаро ба зур кашида, ба хона барои таом хӯрдан мебурдааст.
Паҳлавон то дами пирӣ ҷуссаву рӯҳияи паҳлавонӣ дошт. Шоҳидон нақл мекунанд, ки боре ҷавонмарди ронанда аз маркази вилоят ба маркази ноҳия боре меорад. Мошинаш дар роҳ, дар поёни хонаи паҳлавон ба иллате аз кор мемонад ва ронанда ба суроғи олате ба хонаи паҳлавон меравад. Ҷавонмард паҳлавони солрафтаро дида, мегӯяд, ки мӯйсафед ҷуссаи паҳлавонӣ дорӣ, ба эҳтимоли зиёд дар ҷавонӣ паҳлавону куштигир будаӣ.
Кибри ҷавонияш боло гирифта, исрор меварзад, ки биё мӯйсафед як талош куштӣ мегирем. Паҳлавон аз ҷиҳати хоксорӣ арз медорад, ки дар ҷавонӣ як-ду боре куштӣ гирифтаем, паҳлавоне набудаем, биёву моро заҳмат надеҳ. Аммо ҷавонмарди мағрур бисёр исрор мекунад ва паҳлавонро ба қувва озмудан маҷбур месозад, баробари часпидан, дар талоши аввал паҳлавони солрафта ҷавони паҳлавонҷуссаро баланд бардошта, тори сар бардошта, ба замин мезанад ва ҷавонмард ба осиёбҷӯйбори аз бари боғча ҷорӣ меафтад.
Замони қаҳтиву сахтӣ буд, паҳлавон ҷавонмардро даъват мекунад, ки дар хона оши буридаву чаппотии гарм пухтаанд, биё бо ҳам хӯрдаву барои ҷӯр кардани мошинат кӯмак мекунем, вале ҷавон бо хотири ранҷида исрори сахти паҳлавонро напазируфта, бо либосу бадани тар носазо гуфта, меравад…
Паҳлавонони маъруфи диёр Содиқ Боқиев, Ҳимматшо Қаноатов, Давлатшо Бачабеков аз ҷумлаи шогирдони Миҳтоҷпаҳлавон буда, ба ҳолпурсияш омадаву қабл аз мусобиқот дуояшро мегрифтанд.
Паҳлавони зиндаёди диёр, марди некрафтору хушгуфтор, саховатпешаву меҳмондор Миҳтоҷ Қандов дар соли 1936 дар деҳаи Ибари Даргови Рохарв таваллуд ёфта, дар соли 2014 аз олам чашм пӯшидаанд. 17.09.2025. Электричкаи Твер-Масков.
Назари хешро иброз кунед